21:04 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
74710

Гуруҳи 14 нафараи табибон, аз ҷумла вирусологҳои чинӣ аз музофоти Шэнсии Чин бо парвози чартерии махсус ба Душанбе омаданд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, пизишкони чинӣ бо даъвати Рустами Эмомалӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз ҷониби Сафоратхонаи Чин ба Тоҷикистон 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ   (ИВЛ) ва аз тарафи  Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ бошад, 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ,  45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил кумак карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони ҳамкориҳои Шанхайи  Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти Шенсӣ зиёда аз 3000 Реагенти кислотаи нукелин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак  расид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми кумак, дар маҷмуъ, маблағи беш аз 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Баъди карантини 108 миллион кас: ошкоршавии чанд гирифтори коронавирус дар Чин

Группа китайских врачей прибыли в Таджикистан
Группа китайских врачей прибыли в Таджикистан

Гуфта мешавад, тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тибии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  коронавирус COVID-19 таъинот доранд, ҳамчунин барои муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуд.

Ёдовар мешавем чанд рӯз қабл, гуруҳи 8 нафараи табибони ӯзбеки баъди 13 рӯзи кумак ба ҳамтоёни тоҷикашон баргаштанд. Ҳамчунин ҳоло чор нафари дигар аз табибони ҳамсоякишвар дар вилояти Суғд қарор доранд.

Бар пояи оморҳои ахир, теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар ба 2929 нафар мерасад. Аз ин беморӣ 46 тан ҳалок шудаанд.

Барчаспҳо:
табибон, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ