Оҷил: 2 ҳолати мусбат ва 70 ҳолати машкук дар миёни мусофирони аз Туркия омада

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз эҳтимоли гирифтории ҳудуди 70 мусофири хатсайри Истамбул – Душанбе ба “вируси корона” хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Бино ба ин манобеъ, санҷиши 2 нафар мусбат баромада, ҳудуди 70 нафаре, ки бо онҳо тамос доштанд ва эҳтимоли сироят шуданашон мавҷуд аст, таҳти муроқибат гирифта шудаанд.

Женщина в защитной маске на улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Карантини 194 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Туркия баргаштанд

“Ҳолати ду нафар сабук арзёбӣ мешавад ва аз боқимондагон тести дубора гирифта шудааст, ки то чанд муддати дигар дақиқ хоҳад шуд”, - гуфт ин манбаъ.

Қаблан вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки субҳи шанбеи гузашта, 23 май, 194 шаҳрванди ин кишвар, ки дар Туркия тайи ду моҳи ахир дар монда буданд, бо як парвози ширкати “Turkish Airlines” ба Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ин мусофирон аз 18 март ба ин сӯ дар Истанбул банд монда буданд. Онҳо дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, қарантина шуда буданд.

“Қарор буд имрӯз ҳамаро рухсат кунанд, аммо ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” зарурати дигарбора санҷидани мусофиронро ба вуҷуд овард”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бино ба ин манбаъ, дар миёни мусофирини аз Туркия омада, афроди калонсол ва онҳое, ки ҷиҳати тадовӣ ба Туркия рафта буданд, низ ҳузур доранд.

Лентаи хабарҳо
0