21:49 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
255501

Русия сар аз авоили тирамоҳи соли равон ба эмгузаронии сокинон аз маризии сироятии коронавирус шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус авоили тирамоҳ шурӯъ хоҳад шуд ва анқариб 6 - 9 моҳро дарбар хоҳад гирифт.

Дар Русия озмоиши ваксина бар зидди коронавирусро оғоз карданд

Дар ин бора мудири Маркази илмь - тадқиқотии ба номи Гамалея оид ба эпидемиология ва микробиологияи Вазорати тандурустӣ Александр Гинтсбург дар барномаи "Зиндагии солим" дар шабакаи аввали телевизиони Русия ибрози назар дошт.

"Табиист, ки ба якборагӣ ҳамаро эмгузарондан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ мӯҳлати эмкунии сартосарӣ аз 6 то 9 моҳро дарбар мегирад", афзудааст ӯ.

Вай илова намуд, ки организми инсон пас аз маротибаи дуюм рӯбарӯ шудан бо вирус ва ҳамзамон ду маротиба эм гирифтан, нисбати он масуният пайдо мекунад.

Қаблан мудири марказ изҳор дошта буд, ки аз авохири тобистон дар Русия ба маъракаи эмгузаронӣ аз коронавирус шурӯъ мекунанд. Вале ҳоло ба гуфтаи ӯ талошҳои ҳамаҷониба ба харҷ дода шудааст, ки ин маърака ҳар чӣ зудтар баргузор гардад.

Ба гуфтаи вай, озмоишҳои клиникии ваксинҳо натиҷаҳои хуб доданд ва  интизор меравад, эмгузаронӣ сар аз 15 - уми июн пас аз гирифтани иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шавад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ