20:03 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
311811

Вазоарти беҳдошти Тоҷикистон нахустин мавориди гирифторӣ ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 - ро рӯзи 30 апрел эълон карда буд. Бино ба иттилои ин ниҳод, то 26 май дар Тоҷикистон 3266 нафар ба ин маризӣ гирифтор шудааст

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи рӯзи 26 май дар Тоҷикистон 3266 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун 1417 нафар шифо ёфтаанд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт дар давоми шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ дар кишвар ҳамагӣ як нафар фавтида шумоари умумии қурбониёни вирус ба 47 кас расид.

Бино ба иттилои манбаъ, то 26 май дар мамлакат 2588 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 436 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Шифо ёфтани 60 нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ин ниҳод мегӯяд, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда, ба табобати беморон машғуланд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Барчаспҳо:
вируси нав, гирифторони беморӣ, гирифторон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ