18:23 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (586)
1352 0 0

Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкор Маҳмадраҳим Соҳибов ҷиҳати бунёди Маркази ташхиси тиббии "Дурахш" дар шаҳри Бохтар изҳори сипос намудааст

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Маркази ташхиси тиббии "Дурахш" ба баҳрабардорӣ расонида, ба соҳибкор Соҳибов изҳори миннатдорӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, иншооти соҳаи тандурустӣ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бунёд шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, маркази ташхиси тиббӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлол аз тарафи соҳибкори ватандӯст Маҳмадраҳим Соҳибов бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, ки Маркази ташхиси тиббӣ дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонад.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази ташхиси тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бунёд гардида, корҳои сохтмониро мутахасисони маҳҳалӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом додаанд.

Дар ошёнаи якуми маркази ташхиси тиббӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки истифодаи самарабашх аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ намудҳои зиёди ташхис ва хизмати тиббию санитарӣ расонида шавад.

Аз ҷумла, ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ, бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи табобати дандон низ фаъолият менамоянд.

Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ, бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.

Дар маркази ташхиси тиббии навбунёд ҳуҷраи модару кӯдак, ҳуҷраи хатна, утоқи ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (586)
Барчаспҳо:
изҳори миннатдорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Бохтар

Мавзӯъҳои асосӣ