06:26 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
345 0 0

Академик Акрамшо Фелалиев, ки мубталои касалии каронавирус шуда, дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи касалиҳои сироятиии маҳаллаи Зарафшон бистарӣ шуда буд, шифо ёфта, мураххас шудааст

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Академик Фелалиев ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққаш дуои хайр кардаанд, сипос гуфт, хабар дод Муҳаммад Султон, рӯзномнигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш.

Ӯ миннатдории алоҳидаеро ба мудири шӯъбаи эҳёи касалиҳои сироятии беморхонаи маҳаллаи Зарафшон, Исломов Нурулло баён доштааст, ки бо кордонӣ, дониш, малакаву салиқа ва муносибати ғамхоронаву меҳрубононааш нисбати беморон шӯҳрат ёфтааст.

Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дар даъватҳои гузаштаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 вакил интихоб шуда, мақоми муовини роҳбари Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дошт.

Фелалиев 62 сол дошта, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро  соли 1982 бо  ихтисоси биолог хатм кардааст.   

Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буда, тайи ду даъвати охир, то моҳи марти соли равон дар вазифаи муовини раиси Маҷлиси намояндагон кор мекард.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, парлумон, таманнои шифои комил, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ