21:49 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
74801

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, аз занони минтақа интиқод кардааст, ки ҳангоми иштирор дар маъракаҳои азодорӣ қоидаҳои муаянгашта барои пешгирии коронавирусро риоя намекунанд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон, номбурда ин нуктаро зимни ҷаласаи ахири ситоди вилоятӣ изҳор карда, гуфтааст, ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва дар маросимҳои азодорӣ иштирок намудани наздикони майит дар ноҳияҳо дар пайи як санҷиш муаян шуд.

“Санҷиш муайян намуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи занон ба хонаи фавтидагон рафта, бе риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб иштирок мекунанд, ки сабаби афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии коронавирус шуда метавонад”,-гуфтааст муовини раиси вилоят.

Ба таъкиди ӯ, чунин камбудиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён ва Вахш ба қайд гирифта шудаанд.

Хонум Шарифӣ гуфтааст, бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, ҳанӯз ҳам корҳои оммафаҳмонӣ бояд пурзӯр карда шуда, аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ ба аҳолӣ бештар шарҳу тафсир дода шавад.

Ба иттилои манбаб, аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 34 ҳазор манзили зист бо истифода аз маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ поксозӣ шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоотҳо саддҳои безараргардонӣ гузошта шудааст.

Барчаспҳо:
азодорӣ, занон, интиқод, муовини раис, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ