21:08 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2636 0 0

Ниёз Одинаев, доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи эпидемологияи ДДТТ ба номи А.Сино, шарҳ дод, ки чӣ гуна 2 намуди вирус, COVID – 19 ва мутанти он аз Чин хориҷ шуданд, ба кадом узвҳо таъсир мекунанд, киҳо дубора гирифтор мешаванд ва барои ҳимоя кадом ғизоҳоро бояд хӯрд

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Одинаев мегӯяд, омӯзиши хусусияти вирус аз ҷониби олимони вирусшинос ва биологҳо  нишон медиҳад, ки он дар макони хуруҷ - Чин тағйироти эволютсиониро аз сар гузаронд. 

Ӯ тавзеҳ дод, ки аз  Чин  ду вирус  ба дигар мамлакатҳо паҳн гардид, ки яке вируси асосӣ - COVID - 19, дигаре  вируси таркибан тағйирёфта.

“Аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ дар ҳолати тағйир ёфтани ҷавҳари вирусҳо фаъолият ва заҳрнокии онҳо хеле паст мегардад. Ҳамин тавр, вируси асосӣ ба мамлакатҳои Аврупо, шаҳри Ню-Йорк ва мавзеъҳои шарқии  Амрико паҳн гардид, баъдан ба  Россия омад. Вируси дувум, яъне мутантӣ, манотиқи соҳилҳои ғарбии Амрико ва мамлакатҳои Осиёро фаро гирифт. Зимни санҷиши ин ду штамм дар озмоишгоҳ маълум гашт, ки суръати афзоиши вируси якум то 270 маротиб зиёд мебошад. Аз ин ҷост, ки он дар баъзе аз кишварҳо зуд паҳн шуд”, - изҳор дошт Одинаев дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият”.

Се шакли гирифторӣ ба COVID – 19: киҳо метавонанд дубора бемор шаванд?

Мудири кафедраи эпидемология илова намуд, ки гирифторӣ ба бемории мазкур метавонад, дар се шакл зуҳур ёбад:

Дар шакли аввал, ки сабук аст, вирус ба организм дохил шавад ҳам, то муддате беморон чизеро эҳсос намекунанд. Агар теъдоди вирус кам бошад, худи омилҳои муҳофизатии  инсон, махсусан интерферон, онҳоро нест месозад. Дар ин гурӯҳ беморон антитела пайдо намешавад ва онҳо метавонанд боз сироят ёбанд.

Дар шакли дувуми миёна вирусҳо ба қисми поёнии роҳҳои нафас меафтанду сироят бо сулфаи хушк, хориши гулу, пастшавии ҳиссиёти бӯйфаҳмӣ ва лаззати хӯрок, ҳарорати баланд, беҳолӣ ва бемадорӣ зуҳур мекунад.  Дар ин маврид давоҳои зиддивирусӣ фоидабахшанд. Бемор метавонад дар шаш - ҳашт рӯз  шифо ёбад. Дар организмаш антителаҳо пайдо мегарданд ва ба нобудсозии вирус ёрӣ мерасонанд. Аммо ба қадри зарурӣ не, чунки теъдодашон хеле кам аст. 

Дар шакли сеюми сироят, ки вазнин мегузарад, бемор ба таби баланд, сулфа, нафастангӣ гирифтор шуда,  аломатҳои гипоксия ба назар мерасад ва дар таркиби хун дигаргунӣ ба вуҷуд меояд.  Дар организми ин қабил сироятёфта антителаҳо зиёд истеҳсол мешаванд ва онҳо теъдоди вирусро дар узвҳо кам мегардонанд. Дар ин беморон иммунитети пурқувват алайҳи COVID-19 пайдо мегардад. Тадқиқоти олимони бисёр кишварҳо  нишон дод, ки  дар калонсолон ва онҳое, ки бемориро вазнин гузарондаанд, пас аз беморӣ масунияти устувор ҳосил мешавад. Онҳо пас аз шифо ёфтан, дигар аз коронавирус сироят намеёбанд ё онро сабук мегузаронанд.

Кадом узвҳо ҳадаф қарор мегиранд, COVID – 19 чӣ гуна одамро мекушад?

Одинаев дар суҳбат бо Ҷумҳурият таъкид кардааст, ки хатари COVID – 19 ин харобсозии системаи масуният ва илтиҳоби (васкулити) мӯякрагҳои шуш мебошад, ки тадқиқоти илмии коршиносони кишварҳои гуногун собит намудааст.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи асосии фавти беморони коронавирус ин ташаккули дурдабандӣ, суддашавӣ дар системаи хунгард (тромб), камшавии оксиген ва афзудани гази карбон (гипоксемия) дар шуш ва дар ин асос ба вуҷуд омадани нуқсҳои ҷиддӣ дар узвҳои ҳаётан муҳим мебошад.”, - изҳор дошт Одинаев.

Ӯ илова намуд, ки баъзе беморон аз дарди сахти сар, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ азият мекашанд ва бархе аз дарди сахти шикам,  фазлаи обӣ, фишорбаландӣ, дарди шадид дар мавзеи гурдаҳо шикоят мекунанд. 

“Инҳо аломати вайроншавӣ  ва илтиҳоби гардиши хуни мӯякрагҳои узвҳои дарунӣ ва ташаккулёбии микросуддаҳо дар рагҳои мағзи сар, ғадуди зери меъда, гурдаҳо, ғадуди болои гурда мебошанд. Инчунин, таъсири манфии COVID – 19  дар унсурҳои хун низ дида мешавад. Ба ақидаи академики рус Александр Чучалин, ин ваборо бемории вирусии системавӣ арзёбӣ кардан мумкин аст”, - тавзеҳ дод Одинаев.

Ӯ таъкид намуд, ки мо табибон, бояд табобати асосиро ба ин омилҳо, яъне ба системаи сахтшавии хун ва ташаккулёбии илтиҳоби мӯякрагҳо (васкулити капиллярҳо), равона созем.

Аз каду то мумиё: барои ҳимоя аз COVID – 19  кадом ғизоҳоро бояд хӯрд?

Мудири кафедраи эпидемология барои устувории масуният истифодаи витаминҳои Д3 (холекастефлор) ва витамини К (МК-7)  барои тунукии хун, инчунин, афзоиши хусусияти ёзандагии рагҳои хунгардро хеле муфид хондаст.

“Ин витамин дар таркиби карам, помидор, гӯшт, кабудӣ, анҷир, равғани рустаниҳо низ фаровон аст. Ҳамчунин, витамини С дар мубодилаи моддаҳо иштирок намуда, ҳуҷайраҳои мурдаро хориҷ месозад. Тухми каду, ки дар таркибаш руҳ дорад, ҳуҷайраҳои вирусиро нобуд мекунад. Омехтаи маҳлули барги уд (алоэ) бо асал, муми занбӯри асал, мумиё низ ба устувории системаи масуният мусоидат менамоянд”, - изҳор доштаст Одинаев.

Барчаспҳо:
табобат, муолиҷа, гирифторони беморӣ, беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ