22:35 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз харҷи маблағҳое, ки ба суратҳисоби махсуси вилоятии мубориза бо COVID - 19 ворид шудаанд, ҳисобот дод

ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, ба суратҳисоби махсус аз тарафи шахсони саховатпеша то нимаи моҳи равон 399 ҳазору 503 сомонӣ ворид гардидааст.

Манбаъ таъкид кард, ки аз пулҳои воридшуда то 15 июн 94 ҳазору 689 сомонӣ сарф шудааст.

  • - Беморхонаи ноҳияи Мурғоб - 30 ҳазор сомонӣ,
  • - Шуъбаи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ барои сӯзишворӣ ва дигар эҳтиёҷотҳои зарур - 42 ҳазору 129 сомонӣ,
  • - Беморхонаи Навободи ноҳияи Шуғнон - 10 ҳазор сомонӣ,
  • - Шуъбаи Ёрии таъҷилӣ ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон - 10 ҳазор сомонӣ,
  • - Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ харидори намудани сузишвори ба хотири безараргардонии кучаҳои шаҳри Хоруғ - 2 ҳазору 560 сомонӣ.

Котиботи ҳукумати ВМКБ афзуд, ки маблағи боқимонда дар суратҳисоби мазкур 304 ҳазору 814 сомониро ташкил медиҳад. Мақомоти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои шахсони саховатпеша, соҳибкорон идораву муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба суратҳисоби мазкур маблағро ба хотири пешгирии бемории сироятии короновирус дар вилоят гузаронданд, изҳори сипос кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ