Аз норасоии табибон то “илтиҳоби шуш”: вакилони Хуҷанд чӣ гуфтанд?

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВрачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19
Врачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи ахири худ ҳолати иҷрои барномаи давлатӣ оид ба солимии аҳолиро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи омори гирифторшавӣ ба “илтиҳоби шуш” ва норасоии кормандони соҳаи тиб таъкид намудаанд

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар шарҳи татбиқи барномаи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” шумори гирифторони бемории “илтиҳоби шуш” дар ду моҳи охирро ироа намудааст.

Ученый, публицист Сергей Хрущев - Sputnik Тоҷикистон
Писари Никита Хрушёв вафот кард

Бино ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар ду моҳи охир 1232 мавриди гирифторӣ ба бемории “илтиҳоби шуш” аз аз ҷониби масъулони соҳаи тандурустии шаҳр ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор ҳудуди 1300 нафар дар бемористонҳо муолиҷа гирифтаанд.

“Аз шумори умумии беморон 988 нафар мард ва 1244 нафар зан ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи сину соли ин беморӣ асосан дар байни шахсони аз 30 сола боло бештар, яъне 1992 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар зери назорати марказҳои саломатӣ ва табибони оилавӣ 192 беморон қарор дошта, танҳо дар беморхонаи сироятии шаҳр 33 нафар қарор доранд. 192 нафари дигар зери назорати духтурони оилавӣ қарор доранд ва вазъи саломатии онҳо хуб арзёбӣ мешавад”, гуфтааст Нуруллозода.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намудааст, ки вазъи эпидемологӣ дар шаҳр нисбатан хуб шудааст, вале ин ҳол ҳанӯз маънои хатирҷамъ буданро надорад.

Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Муҳаммадзода дар бораи хуруҷи давраи дуюми бемории “вируси корона” дар баъзе аз кишварҳо таъкид намуда, масъулинро барои идоаи корҳои пешгирикунанда аз паҳншавии ин маризӣ дастур додааст.

“Сатҳи сироятёбӣ дар вилоят дар ҷумҳурӣ хеле паст рафтааст. Лекин ин моро хотирҷамъ карда наметавонад, чи хеле, ки медонед дар баъзе давлатҳои ҷаҳон алакай хуруҷи дуюми ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Мо бояд ҳушёр бошем, корҳои тарғиботӣ - пешгирикунандаро пурзӯр намоем”, гуфтааст раиси шаҳр.

Дар ҷаласаи вакилони Хуҷанд, даъвати шашум таъкид шудааст, ки паҳн шудани бемории “вируси корона” ба камбуди мутахассисони соҳаи беҳдоштӣ дар шаҳр боис гардидааст.

Дар бораи чи теъдод кам шудани кормандони соҳаи тиб дақиқан маълумот дода нашудааст, вале гуфта мешавад, ки бино бар таҳлили мутахассисон, зимнан норасоии табибони эпидемолог ва духтури оилавӣ дар Хуҷанд ҷой дорад.

Врач - Sputnik Тоҷикистон
СУТ: мо шоҳиди қаҳрамонӣ ва фидокории пизишкони тоҷик будем

Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд ва иштирокдори маҷлиси вакилони Хуҷанд, рушди марказҳои тибби хусусиро як сабаби норасоии кадрӣ дар марказҳои саломатии Хуҷанд арзёбӣ кардааст.

“Бахши хусусӣ дар рӯзҳои аввали паҳншавии падемия ё коронавирус худро канор гузоштанд. Мо имрӯз “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ро баррасӣ карда, барои чи ин масъаларо дар ҷаласаҳои шаҳру ноҳияҳо гузошта истодаем, чунки ҳоло ин вирус аз мо дур нашудааст. Вабое, ки ба ҳама, ба кӯп таъсир кардааст, дар якҷоягӣ бо заҳмати ҳамарӯзаи ҳама бартараф кардан имконпазир аст”, афзуд Яъқубӣ.

Дар 16 муассисаи тандурустии шаҳри Хуҷанд ҳоло 580 табиб ва 381 ҳамшираи тиб ва 890 кормандони дигари ин соҳа фаъолият мекунанд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба сарварони марказҳои саломатӣ дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо коллеҷу донишгоҳҳои тиббии кишвар масъалаи норасоии кадрҳои соҳаро бартараф намоянд.

“Бе кадр мо корро пеш бурда наметавонем кадрҳои хуб бошанд, ба мақсад барвақтар мерасем”, гуфтааст Муҳаммадзода.
Лентаи хабарҳо
0