01:14 16 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
146110

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш дод, ки беш аз 71 дарсади гирифторони коронавирус дар кишвар шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 19 июн  дар Тоҷикистон 5338 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардид, хабар дод Вазорати тандурустӣ. 

Ба иттилои манбаъ, то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 3 ҳазору 830 нафар, ё худ 71.7%-и беморон шифо ёфтаанд.

Вазорат илова намудааст, ки то зуҳри имрӯз теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар 51 нафарро ташкил медиҳад. 

"То 19 июни соли равон дар мамлакат 180 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 68 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоия. .

Вазорат хабар додааст, ки феълан дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Мавзӯъҳои асосӣ