02:35 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2383 0 0

Натиҷаҳои як ташхис нишон доданд, ки истифодаи ду намуд дору барои табобати беморони КОВИД-19 хатари ҷидди дорад ва метавонад хатари марги беморро зиёд кунад

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи Дейли-Мейл, натиҷаҳои пажӯҳиши нави муҳаққиқони Кореяи Ҷанубӣ ҳокӣ аз он аст, ки масрафи ибупрофен ва напроксен мумкин аст ҳоли мубталоён ба КОВИД-19-ро бадтар кунад ва хатари маргро барои беморони бистарӣ афзоиш диҳад, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгарон агар чи қаблан таҳқиқоте дар бораи ибупрофен ва осеби он ба беморони коронаӣ мунташир шуда буд, пажӯҳишҳои нав доруи напроксенро низ ба ибупрофен изофа мекунад.

Напроксен мусаккин, зидди илтиҳоб ва барои таскини дардҳое назири артрит, раг ба раг шудани азулаҳои бадан ё зарбдидагии устухон, камардард, гут ва ... корбурд дорад.

Таҳқиқоти Кореяи Ҷанубӣ бо баррасии маргу мири мубталоён ба вируси корона нишон дод доруҳои мусаккини зидди дард хатари маргро 65 дарсад афзоиш додааст.

Натиҷаҳо ҳамчунин нишон дод, ки доруҳои зидди илтиҳоби ғайристероидӣ (NSAIDs) мумкин аст 85 дарсади хатари мубтало шудан ба оризаҳои ҷиддии қалб ё куллияро афзоиш диҳад.

Барчаспҳо:
марг, хатар, беморон, истифода, ташхис, дору

Мавзӯъҳои асосӣ