00:19 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)
1108 0 0

Дар ду кишвари Осиёи Марказӣ Қазоқистон ва Қирғизистон тайи чанд рӯзи ахир теъдоди дардмандон ба таври рекордӣ афзоиш меёбад, ки дар замони авҷи беморӣ чунин оморҳо набуд

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шиддати коронавирус аз ҳама бештар дар Қазоқистон эҳсос мешавад.

Дар ин кишвар танҳо шабонарӯзи гузашта 1557 нафар мубталоёни коронавирус сабт гаштааст, ки нишондодҳои рекордӣ мебошанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар аз ин теъдод 569 нафар бо аломатҳои беморӣ ва боқимонда бидуни аломат ба ин дард печидаанд.

Теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар Қазоқистон то 20,319 ва шумораи беморони бидуни аломатҳои беморӣ ба қайд гирифташуда то 14,548 афзоиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар Қазоқистон 12,548 нафар аз COVID-19 шифо ёфта, 150 бемор вафот кардааст.

Оморҳои нигаронкунандаи Қирғизистон

Бар пояи оморҳои ахир шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 309 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Дар ин кишвар сар аз 22 июн ҳамарӯза беш аз 200 нафар гирифторони коронавирус сабт мешавад.

Танҳо шабонарӯзӣ гузашта се нафар ба ҳалокат расида, теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ ба 46 нафар мерасад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар ин кишвар ба 4513 нафар мерасад.

Гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон низ майли гаронӣ дошта, тибқи оморҳои расмӣ теъдоди умумии беморон ба 7424 нафар мерасад. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, бештари беморони сабтшуда аз хориҷ омадагон мебошанд.

Дар Тоҷикистон бошад афзоиши беморӣ нисбат ба дигар кишварҳо поин рафта, теъдоди дардмандон ба 5747 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4331 (75%) нафар шифо ёфтаанд

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)

Мавзӯъҳои асосӣ