02:14 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (690)
113 0 0

Шабонарӯзи гузашта теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба таври рекордӣ боло рафта, ба марзи 10 миллион наздик шудааст

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Бино иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ танҳо шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон  194 190 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, теъдоди ҳалокшудагон давоми 24 соати гузашта ба 4 893 нафар мерасад.

Тибқи охирин нишондоди ин ниҳоди тандурустии ҷаҳонӣ то соати 11:00-и имрӯз шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба марзи 10 миллион наздик шуда ҳоло он ба 9 миллиону 910 ҳазору 135 нафар расидааст.

Теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ ба зиёда аз 497 ҳазор ва шумори шифоёфтагон ба беш аз 5,3 миллион нафар мерасад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2,552,956 нафар), Бразилия (1,280,054), Россия (620,794), Ҳиндустон (509,446), Британияи Кабир (309,360), Испания (294,985), Перу (272,364), Чили (263,360), Италия (239,961) ва Эрон (217,724) дохил мешаванд.

Вазорат омори нави сироят, шифо ва марг аз коронавирусро эълон кард

Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар беш аз 210 давлат ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (690)

Мавзӯъҳои асосӣ