06:54 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
63200

Пойафзолҳое, ки дар бораи онҳо травматологи рус сухан мегӯяд, метавонад ба инкишофи нодурусти (деформатсия) ҷиддии пой оварда расонад

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Травматолог-ортопеди маркази Пирогов Михаил Виктор гуфт, ки тобистон пӯшидани кадом пойафзол барои саломатӣ хатарнок аст, хабар медиҳад "Комсомольская правда".

Ба гуфтаи ӯ, пойафзоли ҳамвор метавонанд ба инкишофи нодурусти (деформатсия) ҷиддии пой оварда расонанд. Аз ин лиҳоз, кафши сарипоӣ (шиппак) аз ҳама хатарнок аст.

"Хеле хуб мебуд, дар тобистон берун аз шаҳр ё дар боғҳо пойлуч гарданд" гуфт Вихтар.

Ӯ тавсия медиҳад, ки ба таҳияи чаҳорчӯбаи пойафзол диққат диҳед. Зарур аст, пой аз дарун, дар самти ҷойгиршавии ангушти калони такягоҳ дошта бошад. Дар ин ҳолат, набояд тагчарми пойафзол аз ҳад сахт бошанд. Барои ин табиб таҳмонҳои ортопедиро (ортопедические стельки)  тавсия додааст.

“Идеяи ҷолиб- ба варзиш машғул шавед, ки он имкон медиҳад, пойҳо дар ҳолати табиӣ қарор гиранд",-гуфт духтур.

Ҳамчун намуна, травматолог-ортопед  машғулият бо йогаро мисол овард.

Мавзӯъҳои асосӣ