15:27 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
146 0 0

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2 ҳазору 400 бемори нави COVID-19 дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Симосодоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони COVID-19 дар ин кишвар ба расонаҳо иттилоъ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 456 бемори нави COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 139 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Лорӣ гуфтааст, маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 220 ҳазору 180 нафар расидааст.

"Дар 24 соати гузашта 125 нафар аз беморони COVID-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 10 ҳазору 364 нафар расид", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 180 ҳазору 661 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси нав, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ