03:21 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1884 0 0

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон, ки 26 июн баргузор шуд, дар бораи хатари коронавирус ва пайомадҳои он суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Рустами Эммоалӣ дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ гуфт, хатари пандемияи коронавирус ва таҳдиди он ба саломатии аҳли башар то ҳанӯз пурра аз миён нарафтааст.

“Таъсир ва оқибатҳои иҷтимоии он ба иқтисодиёти аксари давлатҳои ҷаҳон ва дар ин радиф дар Тоҷикистони мо низ баръало мушоҳида мегардад”, - изҳор дошт раиси  Маҷлиси миллӣ.

Ӯ таъкид кард, ки вазъи эпидемиологӣ ва табобати беморон тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва шумораи сироятёфтагон рӯз ба рӯз коҳиш ёфта, шифо ёфтани беморон зиёд шуда истодааст.

“Дар кишвар шумораи беморон 5 ҳазору 691 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 4 ҳазору 269 нафар шифо ёфта, ҳамчун фарди солим ба оилаҳои худ баргаштаанд. Ин нишондиҳанда беш аз 70 фоизи шумораи беморонро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод Рустами Эмомалӣ 26 июн дар ҷаласа.

Ӯ афзуд, ҳоло ба мушоҳида мерасад, ки дар баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин беморӣ хуруҷ карда, ҳукуматдорони ин давлатҳоро водор сохтааст, ки чораҳои зиддиэпидемикиро пурзӯр намоянд.

“Аз ин рӯ, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ ва тақвият бахшидан ба асосҳои илмии соҳаи беҳдоштӣ, сироятшиносию вирусологӣ ҳамчун самти муҳимми ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа бояд дар фаъолияти мақомоти қонунгузор афзалият дошта бошад”, - таъкид кард ӯ.

Мавзӯъҳои асосӣ