Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Тоҷикистон ва Швейтсария ҳамроҳ бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина в защитной маске в городе Душанбе
Мужчина в защитной маске в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин масъала рӯзи 2 июл дар суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Имрӯз, 2 июл, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар рафти суҳбат вазирон дар робита ба ҳамагирии COVID-19 ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария мубодилаи афкор намуданд.

"Аз ҷумла Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти иқдомҳои Ҳукумати кишвар барои маҳдуд намудани паҳншавии COVID-19 ва мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла Ҳукумати Швейтсарияро, дар ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои он таъкид намуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибци иттилои манбаъ, мусоҳибон бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 изҳор намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона таъкид карданд. Шарокат ва дастгирии тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муҳим дониста шуд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамзамон раванди амалисозии тавофуқҳое, ки ҳангоми боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Конфедератсияи Швейтсария (5-6 ноябри соли 2019) ҳосил шуда буданд, мавзӯи меҳварии ин сӯҳбатро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0