20:07 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1065 0 0

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи онлайни СММ дар бораи чораҳои мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ гузориш дод.

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо намояндагони минтақа ҷаласаи онлайнӣ баргузор кард.

Дар ҷаласа Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ширкат варзида, Тоҷикистонро Умед Бобозода намояндагӣ кард.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қайд кард, ки дар кишвар мунтазам ҷаласаҳои Шӯъбаи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус гузаронида мешаванд, шароити зарурӣ барои табобати шахсони сироятшуда муҳайё карда шудааст, маъракаҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа ташкил карда шуда, ба аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида мешаванд.

Иштирокдорони ҷаласа тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар самти мубориза бо коронавирус баланд арзёбӣ карданд.

СММ амали мақомоти Тоҷикистонро муҳим ва муассир номид.

"Муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар давраи эпидемия самаранок кор карданд, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ чораҳои мушаххас андешиданд ва паҳншавии сирояти нави коронавирусро коҳиш доданд", - гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ омодагии худро барои истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи пандемия изҳор карданд.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ғайр аз он, замони баргузории нишасти онлайнӣ, ширкаткунандагон ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва бозгашти онҳоро дар робита бо коронавирус баррасӣ карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ