01:05 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Вазорати беҳдошту дармони Эрон охирин омори марбути COVID-19 дар кишварро эълон намуд, ки бар асоси он то имрӯз 201 ҳазор нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 ва беҳбудии беш аз 201 000 нафар дар кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои сомонаи “Парстудей”, Симо Содоти Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар хабар дод.

“Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 560 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 295 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд”, - афзуд манбаъ.

Таъкид шуд, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 240 438 нафар расидааст. Лорӣ ҳамчунин афзудаст, ки дар тӯли 24 соати гузашта 163 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 571 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 201 330 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ