13:49 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
398 0 0

Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории “илтиҳоби шуш” ба Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Таҳмина Мисробӣ, масъули матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт, аз сафари Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода, ёвари Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ин ноҳия хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, Ҳикматуллозода, рӯзи 4-уми июл ба ноҳияи Ашт сафар карда, бо нишондодҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия шинос шудааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, ба ёрдамчии Президент дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия гузориш додааст.

“Аз санаи 29 апрели соли равон то имрӯз ба беморхонаи марказии ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш 82 нафар сокинони ноҳия бистарӣ шуда, 74 нафар сиҳат ёфтанд. 4 нафар сокинони ноҳия (аз ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Понғоз) аз ин беморӣ фавтидаанд. Айни ҳол дар беморхона 4 нафар табобат гирифта истодаанд”, - иттилоъ додааст Ҷалилӣ.

Ноиби раиси Ашт таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Ашт, дар маҷмӯъ барои табобати беморони сироятӣ 110 кат омода шудааст ва ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия бо маводи безараргардонӣ, либоси худмуҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар маводи зарурии беҳдоштӣ таъмин мебошанд.

Ёрдамчии Президент вазъи эпидемиологии ноҳияро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, аммо таъкид кардааст, ки набояд аз ин вазъ қонеъ шуд, балки ба ҳама гуна пешомадҳо омода бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 4-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6159 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барчаспҳо:
фавт, бемор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ