10:19 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
472930

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз 30 апрел то 5 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6 ҳазору 213 нафар расид.

Хабаргузории “Ховар” аз қавли Вазорати тандурустӣ  афзудааст, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4858 нафар ё худ 78,2% беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Мақомот шахсияти нафари фавтида аз коронавирусро нагуфтанд, аммо ахиран аз даргузашти Шоира Бузурукова, сартабиби зоишгоҳи Хуҷанд хабар дода шуд, ки дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ будааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир 225 нафар гирифторони эҳтимолӣ зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳукумат нақшаҳоро тағйир дод, парлумон пазируфт: вазир гуфт, вазъ пешгӯинашаванда аст

Мақомоти Тоҷикистон таъкид карданд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, ситомегалавирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ