14:09 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
399 0 0

Раъно Абдуллоева, муовини сартабиби Бемористони шаҳри Панҷакент, омори гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” - ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Муовини сартабиби шаҳри Панҷакент дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, шумори гирифторони "илтиҳоби шуш" назар ба як моҳи гузашта коҳиш ёфта айни ҳол, танҳо 3 нафар дар бемористон табобат мегиранд.

"Аз оғози ҳафтаи равон дар бахши сироятии Бемористони шаҳри Панҷакент шумори беморони мубтало ба "илтиҳоби шуш" танҳо 3 нафар, 2 мард ва 1 зан боқӣ мондаанд. Вазъи саломатии ду нафари онҳо нисбатан вазнин, вале саломатии як нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад”, - гуфт Абдуллоева.

Муовини сартабиби Панҷакент таъкид намуд, ки аз рӯи 30-уми апрели соли ҷорӣ, яъне аз замони нахустин сабти ин беморӣ то ҳоло 394 маврид бо аломатҳои "илтиҳоби шуш" бистарӣ шудани сокинон қайд шуда, аз ин шумор 109 нафар дар бемористон ва 282 нафар дар хонаҳояшон зери тадобии духтурон шифо ёфтаанд.

Ба иттилоъи манбаъ дар умум аз 394 мавриди сабти беморӣ, 8 нафар фавтидаанд.

Раъно Абдуллоева, афзуд ҳоло назар ба як моҳи қабл, ки то 60 нафар дар бемористон бистарӣ буданд, ҳоло вазъ дар шаҳри Панҷакент муътадил буда, дар ҳоли ҳозир танҳо 3 нафар бо аломати “илтиҳоби шуш” дар бемористон табобат мегиранд.

Барои табобати беморон дар Бемористон таҷҳизотҳои лозим аз қабили Оксгенератор ва Дастгоҳи нафаси сунъӣ (ИВЛ) ворид карда шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 9-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6410 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, омор, Панҷакент

Мавзӯъҳои асосӣ