Мадина Ақназарова гуфт, чӣ гуна метавон аз COVID - 19 эмин шуд- видео

Обуна шудан
Сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон Мадина Ақназарова дар як наворе фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд худ ва атрофиёнро аз сироятшавӣ бо COVID - 19 муҳофизат кард

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Мадина Ақназарова, ки ахиран бо гурӯҳи тарғиботии мубориза бар зидди COVID - 19 дар Тоҷикистон пайваст, дар як наворе дар саҳифааш дар Instagram фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд ниқоби тиббиро пӯшид.

Ӯ дар ин навор аз мардум даъват кард, ки ба зиндагии худ ва атрофиён бетараф набошанд ва ниқобро дуруст бипӯшанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#AKAH#covid19#besafe 🌿

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

"Салом дӯстони азиз! Тамоми ҷаҳон мубориза бо COVID - 19 - ро идома медиҳад ва пӯшидани ниқобро касе манъ накардааст. Вазъи аксари мардум ваҳим аст ва бархе ҳам бидуни нишона ин бемориро аз сар мегузаронанд ва паҳнкунандаи сироят ҳастанд. Барои ҳамин биёед нисбати ин беморӣ ҷиддӣ муносибат кунем ва саломатии миллатамонро нигоҳ дорем", - таъкид кардааст Мадина дар навор.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоб ҳатмӣ аст. Тибқи тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ гардидааст.

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагон-и коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0