03:57 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
961 0 0

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ дар бораи гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” ва қарантиннишниҳо дар замони пандемияи COVID -19 иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди хуруҷии бемории “илтиҳоби шуш” посух дод.

Муҳаммадзода гуфт, аз давраи ба қайдгирӣ то имрӯз 3093 нафар аз бемории “илтиҳоби шуш” дар муассисаҳои тандурустии Хуҷанд табобат гирифтаанд, ки аз ин теъдод 2347 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд будаанд, ки дар шароити бемористон ва дигар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд.

"Умуман чор беморхона барои беморон хизмат расониданд, ки дар онҳо 2229 нафар аз ин 1553 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд. Баъзеи дигар аз ҷумла 594 нафар беморон дар марказҳои саломатии шаҳр ба таври амбулаторӣ табобат гирифтанд", - гуфт раиси Хуҷанд.

Бино ба гуфти Маъруф Муҳаммадзода шурӯъ аз моҳи феврал то имрӯз 1780 сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз роҳи муҳоҷират ва ё аз сафари хориҷа баргаштаанд, тақвими қарантиниро дар муассисаҳои тандурустӣ паси сар кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир 50 нафар дар қарантина қарор доранд ва вазъи саломатии онҳо аз нигоҳи духтурон муътадил арзёбӣ карда мешавад.

Дар нишасти хабарии ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар бораи сироятёбиии 59 нафар табибон ба бемории COVID – 19 иттилоъ дода гуфтанд, ки ҳамаи онҳо шифо ёфтаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки аз камшавии мавридҳои сироятёбӣ ба бемории “илтиҳоби шуш” сокинон набояд фориғболу хотирҷамъ бошанд. Номбурда аз шуъюи мавҷи дуюми беморӣ ва вазъи ташвишбори кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистону Узбекистон иброз намуд ва гуфт, ки сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

Муҳаммадзода афзуд, корҳои безараргардонӣ ва пешгирӣ аз сирояти вируси корона дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мунтазам ба иҷро расонида мешавад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода

Мавзӯъҳои асосӣ