10:50 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (701)
925 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 160  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  6921 нафар баробар гардид.

"То санаи  20  июл  дар мамлакат 5629 (81,3%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 57 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯзи охир 160  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Афзоиши фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорати тандурустӣ

Манбаъ афзуда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (701)
Барчаспҳо:
вируси нав, нав, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ