01:11 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (703)
120 0 0

Дар Эрон давоми як шабонарӯзи ахир 221 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд. Ба ҳамин минвол теъдоди умумии қурбониён ба 15 074 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон  омори ҷадид аз сироятшавӣ, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирусро нашр намуд.

Ба иттилои Симо Содоти Лорӣ, дар 24 соати гузашта, 2 621 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 2 004 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 284 034 нафар расидааст. Лорӣ ҳамчунин афзуд, давоми як шабонарӯз 221 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 15 074 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 247 230 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (703)
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ