11:16 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
538 0 0

Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз саҳми Русия дар мубориза бар зидди коронавирус гуфт

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон коркарди олимони русро дар самти омодасозии ваксинаи зидди коронавиурс назорат мекунад, гуфт вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотияш.

"Ҳамин ки аз озмоишҳои клиникӣ гузашт, мо аз ҳамкасбони рус хоҳиш хоҳем кард, ки онро ба мо пешниҳод кунанд",- гуфт Абдуллозода.

Роҳбари Вазорати тандурустӣ инчунин саҳми Русияро дар таъмин намудани Тоҷикистон ба тестҳои санҷишӣ қайд кард.

Омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Ба иттилои ӯ, дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон беш аз 65 ҳазор санҷиш барои муайян кардани коронавирус гузаронида шудааст.

Мақомот эълон кард: коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо шурӯъ шуд

Абдуллозода илова намуд, ки дар як рӯз тақрибан якуним ҳазор таҳқиқот гузаронида мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ