04:00 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1377 0 0

Созмони миллали муттаҳид мегӯяд, шояд сабти ҳолатҳои ками гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар Тоҷикистон ба далели пастсифат будани тестҳо рабт дошта бошад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. СММ дар гузориши ахири худ бобати омори COVID - 19  дар Тоҷикистон маълумот дод. Ин гузориш омори коронавирусро аз 6 то 23 - юми июли соли ҷорӣ дарбар мегирад.

Олимон гуфтанд, мавҷи дуввуми коронавирус аз куҷо сар мезанад

Гузоришгарон ба чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии ин маризӣ дар Тоҷикистон диққат дода, изҳор доштанд, ки қатъи равобити ҳавоию заминӣ, манъи баргузории чорабиниҳо, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамчунин пиёда кардани режими ниқоб зарур ва саривақтӣ буд.

Аммо СММ таъкид намудааст, ки ба дурустии омори COVID - 19 дар ин кишвар шубҳа доранд.

"Шояд сабти ками гирифторони маризии сироятии коронавирус ба пастсифат будани тестҳо алоқаманд бошад", - таъкид мешавад дар гузориш.

Вале, дар мавриди ташхиси тестӣ дар Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, ки соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 65 ҳазор нафар аз тести коронавирус гузаронда шуданд.

Феълан дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ беш аз 100 ҳазор тест қарор дорад ва интизор меравад дар ояндаи наздик боз миқдори муайяни тест ворид шавад.

Масъалаи дигар, ки боиси нигаронии гузоришгарони СММ қарор гирифт, ин набудани омори расмӣ аз мавориди фавт аз ин беморӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон аст.

Ҷамшет Табарзода гуфт, аҳоливу корхонаҳо чанд пул барои истифодаи об қарздоранд

Ёдовар мешавем, бурузи ин маризӣ дар Тоҷикистон расман 30 - юми апрел эълон шуд. Дар ҳоле, ки авҷи коронавирус дар ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон як моҳ пеш сар зада буд.

Феълан, ба маълумоти Вазорати тандурустӣ дар кишвар беш аз 7 ҳазор шаҳрванд ба ин дард олуда шуда, дасти кам 60 мариз қурбони коронавирус гардиданд.

Барчаспҳо:
шубҳа, омор, Тоҷикистон, СММ

Мавзӯъҳои асосӣ