11:42 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
68710

Кардиологи рус гуфт, ки кадом витаминҳоро бояд дар замони гирифторӣ ба коронавирус ва пас аз шифо ёфтан истеъмол кард

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Агар шумо ягон шамолхурӣ ва ё нишонаҳои коронавирусро ҳис кардед, фавран бояд ба духтур муроҷиат кунед, гуфт номзади илмҳои тиббӣ, кардиолог Татяна Рибка ба “Российская газета”.

Мутахассис таъкид кардааст, ки барои нигоҳ доштани саломатӣ набояд даст рӯи даст нишаст, балки ба табиб муроҷиат карду ҳама дастуроти ӯро иҷро кард.

"Ҳоло режими табобат таҳия шудааст. Дар бисёр ҳолатҳо дар хона риоя кардани режими худҷудоӣ  кофӣ аст. Мо, табибон, инро дар садҳо ҳолатҳо мушоҳида кардем: агар шахс аз коронавирус дуруст табобат карда шавад, хатари оқибатҳои дарозмуддати он камтар мегардад", гуфт Рибка.

Ба гуфтаи мутахассис, агар пас аз шифоёбӣ аз коронавирус худро бад ҳис кунед, метавонед курси витамини D ва B-ро истеъмол намоед.

Илова бар ин, шахси шифоёфта бояд режими истироҳат ва ғизоро риоя кунад ва бештар дар фазои кушод сайругашт кунад.

Ёдовар мешавем қаблан низ мутахассиси тоҷик Ниёз Одинаев, доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи эпидемологияи ДДТТ ба номи А.Сино гуфт, барои устувории масуният истифодаи витаминҳои Д3 (холекастефлор) ва витамини К (МК-7)  барои тунукии хун, инчунин, афзоиши хусусияти ёзандагии рагҳои хунгардро хеле муфид аст.

Суҳбати Одинаев: аз хуруҷи 2 намуди вирус аз Чин, гирифтории дубора ва ғизоҳо барои ҳимоя

“Ин витамин дар таркиби карам, помидор, гӯшт, кабудӣ, анҷир, равғани рустаниҳо низ фаровон аст. Ҳамчунин, витамини С дар мубодилаи моддаҳо иштирок намуда, ҳуҷайраҳои мурдаро хориҷ месозад. Тухми каду, ки дар таркибаш руҳ дорад, ҳуҷайраҳои вирусиро нобуд мекунад. Омехтаи маҳлули барги уд (алоэ) бо асал, муми занбӯри асал, мумиё низ ба устувории системаи масуният мусоидат менамоянд”, - изҳор доштааст Одинаев.

Мавзӯъҳои асосӣ