21:46 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
912 0 0

Прокурори шаҳри Хуҷанд дар ҷаласа аз табибони шаҳри Хуҷанд таъкид намудааст, ки дигар ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст назананд ва рисолати касбии худро бо дасту дили пок ба иҷро расонанд

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Авазҷон Назарзода, прокурори Хуҷанд дар мулоқот бо ҳайати кормандони Бемористони клиникавии № 1 и шаҳр дар бораи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз сӯи шуморе аз табибон гуфтааст.

“Бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар истеҳсолоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд якчанд парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд қарор дошта, алакай ду нафари гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҳабс гирифта шудаанд”, гуфт Назарзода.

Прокурори Хуҷанд, дар суҳбат бо табибон афзудааст, ки бо вуҷуди дастгириҳои давлатӣ ва афзун намудани маоши кормандони соҳа, мутаассифона духтуроне ҳастанд, ки бо кирдорҳои ношоистаи худ доғ ба номи пуршарафи табибон меоранд ва эътимоди мардумро ба онон коста мегардонанд.

Назарзода аз кулли кормандони Беморхонаи клиникавии № 1 и Хуҷанд қатъӣ талаб намудаст, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст назаданд ва шарафи худро поён набаранд.

“Табибон набояд бо ҳаргуна амалҳои номатлуб даст зада, шаъну эътиборашонро дар байни ҷомеа паст намоянд ва хилъати сафеди худро доғдор созанд. Бояд ҳар як нафар корманди ин даргоҳ бо дасту дили пок вазифаи худро иҷро намуда ба қасами ёдкардаи касби худ хиёнат накунад”, гуфтааст прокурор.

Таъкиди прокрор ба табибони Хуҷанд дар ҳолест, ки чанде қабл масъулони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд аз парвандаи ба порадиҳӣ даст доштани Бобоҷониён Раҳмон, сардори муассисаи давлатии Кумаки аввалияи тиббию-санитарии шаҳри Истаравшан хабар дод.

"Санаи 18 - уми июни соли 2020, вақте кормандони оперативии мо барои санҷиш мераванд, роҳбари муассисаи давлатии Кумаки аввалияи санитарю тиббӣ” и шаҳри Истаравшан Бобоҷониён Раҳмон ба кормандони мо пора пешниҳод мекунад. Дар вақти додани пора 1900 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ пора Бобоҷнониён дастгир карда шуда, нисбаташ бо моддаи 320 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол тафтиши пешакӣ идома дорад”, - иттилоъ дод, Шараф Аваззода, сардори Ожонси мубориза бо фасод дар Суғд.

Барчаспҳо:
вохӯрӣ, масъулият, ҳабс, парванда, хиёнат, қасам, муроҷиат ба табибон, прокурор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ