23:08 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (756)
2221 0 0

Шабонарӯзи гузашта дарТоҷикистон як дардманди дигари маризии коронавирус ба ҳалокат расид. Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии қурбониён ба 63 нафар расид

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputn. Давоми шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 95 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 39 нафар пас аз муолиҷа рухсат дода шуданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 муаян гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7871  нафар баробар гардид.

Мамнӯияти мулоқот бо зиндониён бо далели шӯюи коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорат ҳамчунин як мавриди фавт аз ин маризӣ дар шабонарӯзи ахир тасдиқ карда. шумораи қурбониёнро 63 нафар арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, то санаи  11 август дар мамлакат  6653  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (756)
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ