14:37 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало COVID-19 хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Эрон аз шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар кишвар то имрӯз беш аз 297 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд.

Симосодоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе ба расонаҳо гуфт, 24 соати гузашта, 2 ҳазору 133 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 19 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоти дармонӣ ироа шуд.

Тавре сомонаи Парстудей аз қавли Лорӣ навиштааст, маҷмӯъи беморони COVID-19 дар Эрон ба 343 ҳазору 203 нафар расидааст.

“Дар 24 соати гузашта, 147 нафар аз беморони КОВИД- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 19 ҳазору 639 нафар расидааст”, - афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 297 ҳазору 486 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, фавт, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ