14:47 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
66601

Имрӯз дар кишвар шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз, нисбат ба соли 2000-ум 32 фоиз ва назар ба соли 2010-ум беш аз 19 фоиз зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар имрӯз зимни мулоқот бо табибони кишвар дар рӯзи иди касбияшон аз мушкилоти норасоии пизишкон гуфт.

Президенти кишвар гуфт, шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ ҳоло ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991-ум 27 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2010-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи таъминот бо кадрҳо дар миқёси мамлакат ба 10 ҳазор аҳолӣ аз соли 1991 то соли 2007 тамоюли пастравӣ дошт ва дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2007 рӯ ба афзоиш овард, мегӯяд президент.

Ҳоло таъминот бо кадрҳо нисбат ба 10 ҳазор аҳолӣ бо табибон 21 ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 59 нафарро ташкил медиҳад.

“Вале норасоии кадрҳо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки ин мушкилот дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар мебошад”,-афзудааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, умуман, дар мамлакат имрӯз 4264 нафар табиб ва 2358 корманди миёнаи тиб намерасад.

“Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”,- гуфт, президент.

Ба таъкиди раисиҷумҳур, таҳлилҳо собит месозанд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ яке аз мушкилоти асосии соҳа мебошад ва аз ин лиҳоз, ин масъала бояд самти муҳимми сиёсат ва амнияти иҷтимоии кишвар дониста шавад.

Ба гуфти президент,тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар 31 муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ