04:52 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
703 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, бархе табибон шабу рӯз дар ҷои корашон буданд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанду боз ба корашон давом доданд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони бахши тандурустӣ гуфт, аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд.

Ӯ зикр намуд, ки ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки табибон шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд.

“Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуд, ки ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор мехоҳам.

Миннатдории раисиҷумҳур дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фавти бархе табибон дар кишвар бар асари коронавирус хабар дода шуд. Аммо расман дар бораи фавти табибон бар асари гирифторӣ ба коронавирус то ҳол иттилое ироа нашудааст ва раисиҷумҳур низ дар суханронияш ин бора чизе нагуфт.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ