12:24 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
362 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз афзоиши гирифторшавии шаҳрвандони кишвар ба бемории саратон хабар дода, қиёси омори 10 соли гузаштаро ироа кард

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ гуфт, сатҳи беморшавии умумӣ ва беморшавии аввалия бо саратон сол ба сол боло рафта истодааст.

“Ин нишондиҳанда соли 2009 нисбат ба 100 ҳазор аҳолӣ 133,5 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ба 191,6 нафар расидааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ,  бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон заминаи моддиву техникии муассисаҳои зиддисаратонӣ пурқувват гардонида шуд, аммо сатҳи беморшавӣ бо саратон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз афзоиши шумораи беморони диабети қанд дар кишвар хабар дод.

“Масалан, соли 2001 шумораи шахсони ба бемории диабети қанд гирифторшуда 10326 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ин шумора ба 46256 нафар расидааст. Вазъи зикршуда ва дар айни замон зиёдшавии дигар бемориҳои эндокринологӣ андешидани тадбирҳои қатъии иловагиро тақозо менамояд”, - таъкид кард Раҳмон.

Ӯ зарур хонд, ки корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда доир ба сабабҳои сар задани чунин бемориҳо, аз ҷумла камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхӯрӣ ва манфиати тарзи ҳаёти солим ва махсусан, варзиш ва фаъолнокии ҷисмонӣ пурзӯр карда шаванд.

Барчаспҳо:
табобат, беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ