14:42 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
429 0 0

Вазорати сиҳати омма ё тандурустии Афғонистон аз хароб шудани дастгоҳҳои як корхонаи тавлиди оксиген, ки аз сӯи Русия кӯмак шуда буд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Акмал Самсур, сухангӯи вазорати сиҳати оммаи Афғонистон, дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин дастгоҳ тақрибан 15 соли қабл аз сӯи ҳукумати Русия ба ин вазорат тӯҳфа шуда, дар як контейнери мансуб ба Дафтари корхонаи форметсевтии вазорат дар сурати ғайрифаъол нигоҳ дошта мешуд.

“Вақте мушкили корона пеш омад, ин корхонаи тавлиди оксиген аз анбори вазорат пайдо шуд ва дар пайи таҳқиқи Идораи инкишофи миллии назди раисҷумҳури Афғонистон, ниҳоди нозири кӯмакҳои байнулмилалӣ ва харҷи буҷа, маълум гардид, ки дастгоҳи кӯмакшуда ҳудуди 15 сол ба ин сӯ нигоҳ дошта мешуд. Ҳатто бар асоси хулосаи коршиносие, ки сурат гирифт, имкони тармиму истифодаи муҷаддади ин корхона вуҷуд надорад. Бидуни фаъол шудан хароб шудааст”, - гуфт Акмал Самсур.

Сухангӯи вазорати сиҳати оммаи Афғонистон мегӯяд, вақте ки 15 сол дастгоҳи тавлидкунандаи оксиген, корхона ё фабрикааш мавриди истифода қарор нагирад, дар он ҷо шароит набошад ва нигаҳдориаш ҳам дуруст набошад, бидуни шак, аз байн меравад.

“Бояд мавриди истифода қарор мегирифт. Дар шифохонаҳои мухталифи Кобул на танҳо дар ҷараёни буҳрони корона пеш аз он ҳам ба оксиген барои маризон, хусусан дар фасли сармо ва ҳамчунон барои маризони қалбиву танаффусӣ, ҳамеша ниёз буд. Мутахассисон натавонистаанд онро фаъол созанд. Ҳоло мо бар ин меандешем, ки масъулони ин бемасъулиятӣ бояд мавриди пайгарди қонун қарор гиранд”, - гуфт Акмал Самсур.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати сиҳати оммаи Афғонистон, ин кишвар ҳоло дар садади харидории 10 корхонаи тавлиди оксиген ба арзиши 5 миллион доллар мебошад.

Бино ба ин манбаъ, ин кишвар 506 поя дастгоҳи тавлиди оксиген ё оксиген консентраторро аз Чин харидорӣ карда, мехоҳад боз 500 пояи дигар харад. 

Бино ба нархҳое, ки ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ муқаррар шудаанд, як корхонаи тавлиди оксиген аз 100 ҳазор то 1 миллион доллар ва як дастгоҳи тавлиди оксиген аз 100 то 200 доллар арзиш доранд.

Корхонаву дастгоҳҳои тавлиди оксиген, бавижа, дар табобати “вируси корона” нақши муҳим мебозанд.

Тибқи иттилои вазорати сиҳати оммаи Афғонистон, аз 24 феврали соли равон то ин дам дар кишвар 37 ҳазору 676 мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” сабт шуда, аз ин шумора 27 ҳазору 312 нафар шифо ёфтаанд ва 1 ҳазору 377 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ