08:33 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
296 0 0

Масъулони Беморхонаи кӯдаконаи вилояти Суғд, омори шифоёбӣ аз бемории илтиҳоби шуш байни атфолро шарҳ дода гуфтанд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, 125 кӯдак комилан аз ин маризӣ шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Масъулони Бемористони кӯдаконаи Суғд гуфтаанд, ки хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 сабаби кам шудани теъдоди муроҷиатҳо ба бемористон шудааст, вале дар ин давра мавридҳои бо аломати сирояти бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудани наврасон бештар шумурда мешавад.

Фарҳод Икромов, мудири шуъбаи роҳи нафас, шуш ва боди гарм дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 125 кӯдак аз бемории илтиҳоби шуш пирӯз шуда бо саломатии комил ба хонаҳояшон рухсат шудаанд. Ба таъкиди табиб, ин шумор назар ба соли гузашта бештар аст.

Раъно Ҳошимзода омори сироят ва табобат аз “илтиҳоби шуш” дар Бӯстонро шарҳ дод

“Аз рӯи таҳлилҳои мо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 125 кӯдак аз сирояти бемории илтиҳоби шуш муолиҷа гирифтаанд. Дар ин давраи соли гузашта ҳамагӣ 109 нафар бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ шуда буданд”, - гуфт Икромов.

Бино ба иттилоъи манбаъ, хуруҷи бемории коронавирус сабаби кам шудани теъдоди муроҷиати сокинон дар бемористон шуда, дар ин давра бисёре аз волидон ба табобати фарзандони худ дар шароити хонаҳо машғул шудаанд.

 Фарҳод Икромов зикр намуд, ки дар шароити хона табобат намудани атфол хуб аст ба шарте, ки ҷараёни муолиҷа зери назорати табиби оилавӣ қарор бигирад.

Дар акси ҳол истифодаи аз меъёр зиёди дорувориҳо аз ҷумла антибиотикҳо, эҳтимол ба масъунияти наврасон таъсири манфӣ расонида метавонад, афзуд табиб.

Табиби ҳамсуҳбати мо, ҳодисаҳои зиёд табъ кардани кӯдакон ва хаставу нороҳат шудани онҳо дар хонаводаҳоро шарҳ дод.

“Табъи кӯдак худ аз худ баланд намешавад. Вақте дар организм ягон сироят ворид мешавад ва нисбати он мубориза сурат мегирад. Дар ин вақт мубодилаи моддаҳо ҳосил мешавад, ки ба баландшавии ҳарорат оварда мерасонад, яъне организм бо сироят дар мубориза аст”, - таъкид кард Икромов.

Дар шуъбаи амрози роҳи нафас кӯдакони то 18 сола бистарӣ ва табобат карда мешавад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум 466 дар он бистарӣ ва табобат гирифтаанд.

Барчаспҳо:
маризӣ, кӯдак, атфол, беморӣ, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ