Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аз 30 апрел то 26 август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8413 нафар расид.

Виноград. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии нархи ангур дар бозор: шарҳи кишоварзону мақомдорони тоҷик

Бар асоси иттилоияи расмӣ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7 ҳазору 214 нафар ё худ 85,7%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 67 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.

“Шабонарӯзи охир 76 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран мақомоти Хуҷанд изҳори нигаронӣ карданд, ки бархе шаҳрвандон, ки миёни хонавода ва пайвандонашон бемории короновирус ошкор шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарӯза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0