10:10 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
52702

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як амр Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустиро бо ҷоизаи давлатӣ қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Абдуллозода бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 сарфароз гардонида шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.

Дар маҷмуъ бар асоси амри раисиҷумҳур, 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 сарфароз карда шуданд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки бори аввал дар таърихи кишвар, ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардиданд.

Дар баробари ин 1 нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Барчаспҳо:
барканории раиси шаҳр ва вазири тандурустӣ, ҷоиза, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ