03:13 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1585 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш додааст, ки ошкор кардани коронавирус дар ҷумҳурӣ тайи шабонарӯзи гузашта майли пойинравӣ дошта, ягон ҳолати фавт аз ин вирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар дод маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус аз 30 апрел то санаи 31 август 8 ҳазору 583 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7 ҳазору 376  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд. Вазорати тандурусӣ таносуби беморонеро, ки тайи муддат аз коронавирус шифо ёфтаанд, 85,9% гуфта, таъкид кардааст, ки то имрӯз бар асари ин вирус 68 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 84 нафар гумонбарон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Барчаспҳо:
фавт, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ