04:51 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2441 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тайи шабонарӯзи гузашта боз як ҳолати фавт аз коронавирусро дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифт

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Бар асоси иттилои Вазорат, теъдоди фавтидагон аз COVID- 19 дар ҷумҳурӣ ба 69 нафар расид. Расман омори фавт аз COVID- 19 дар Тоҷикистон аз 27 август то имрӯз тағйир наёфта буд.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди сироятёфтаҳо аз COVID-19 аз 30 апрел то имрӯз ба 8 619 нафар расида, аз ин 7413 нафар шифо ёфтанд.

Мақомоти тандурустӣ рӯзи гузашта теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро 8 ҳазору 583 ҳолат ва шумораи шифоёфтагон аз COVID-19-ро 7 ҳазору 376  нафар арзёбӣ карда буданд. Вазорати тандурустӣ таносуби беморонеро, ки тайи ин муддат аз коронавирус шифо ёфтаанд, ҳудуди 86% мегӯяд.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Барчаспҳо:
тандурустӣ, бемор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ