21:04 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбуд ёфтани 86 дар сад аз беморони COVID-19 дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони COVID-19 дар ин кишвар ба хабарнигорон гузориш дод.

“Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта  1 ҳазору 894 бемори ҷадиди COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки 976 нафар аз онон бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд”, - хабар дод сомонаи Парстудей аз қавли Лорӣ.

Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 384 ҳазору 666 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 332 ҳазору 131 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

“Муттаассифона дар 24 соати гузашта  110 нафар аз беморони COVID-19  ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 154 нафар расидааст”, - таъкид кард Лорӣ.

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти ‌кам 879 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 19 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Барчаспҳо:
беморӣ, таманнои шифои комил, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ