14:04 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
549901

Маҳмадамин Камолов, роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” ва писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ марҳум Камол Мадумаров барои мубориза бо коронавирус 2,3 миллион сомонӣ хайр кард

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Аз ҳисоби даромади софи хоҷагии “Ҳоҷӣ Камол” барои мубориза бо коронавирус ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби хоҷагӣ инчунин ба беморхонаи марказӣ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид.

Хайр: боғдорон сарпарастии омӯзгоронро ба ӯҳда гирифтаанд

“Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ назаррас аст. Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба ӯҳда доранд. Бо роҳи бунёди 3 чоҳи амудӣ сокинони 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуд. Бо дастгирии хоҷагӣ сокинон бо таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд”, - омадааст дар иттилоия.

Боғи Сомон, ки дар хоҷагии “Ҳоҷӣ Камол” ташкил шудааст, яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор меравад.

Роҳбарии Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро Маҳмадамин Камолов - писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ марҳум Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.

Ҳоҷӣ Камол Мадумаров моҳи октябри соли 2019 дар синни 80-солагӣ даргузашт. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамроҳии мақомдорони дигар ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар ба хонаи Мадумаровҳо рафта, дар ҳаққи марҳум фотиҳахонӣ карда буданд.

Барчаспҳо:
боғ, беморӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ