16:11 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Қирғизистон, дар пайи дигар кишварҳо, таваҷҷӯҳро ба аввалин ваксинаи Русия алайҳи коронавирус изҳор кард

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Қирғизистон ба гирифтани ваксинаи Русия алайҳи коронавирус манфиатдор аст, гуфт президенти ҷумҳурӣ Сооронбай Ҷеенбеков дар мусоҳиба бо "Биринчи радио".

"Умедворам, ки ваксина дар ояндаи наздик ба таври оммавӣ истеҳсол карда мешавад. Барои мо ба кишвар овардани ваксина хеле муҳим аст", - гуфт Жээнбеков дар сӯҳбат.

Президенти Қирғизистон илова намуд, ки мақомоти дахлдори ду кишвар дар бораи таъмини ваксинаҳо гуфтушунид доранд.

Сооронбай Жээнбеков қайд кард, ки хатари паҳншавии коронавирус ҳамчун як мушкили ҷаҳонӣ боқӣ мондааст.

Қаблан, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо аллакай ба аввалин ваксинае, ки дар Русия сохта шудааст, таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд.

Путин: ваксинаи дуюми Русия алайҳи коронавирус моҳи сентябр мебарояд

Ёдовар мешавем, вазири тандурустии Тоҷикистон низ гуфт, барои ворид кардани ваксинаи сохти русӣ ба Тоҷикистон гуфтушунид доранд ва дар ҳоли ворид кардан аввал ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ тақсим карда мешавад.

 

Барчаспҳо:
вирус, Русия, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ