Карантин дар таваллудхонаи Суғд хатм шуд: COVID-19 дар ягон зани ҳомила дарёфт нагардид

CC0 / Pixabay / Беременная женщина, архивное фото
Беременная женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таваллудхонаи вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баъди ба итмом расидани даҳ рӯзи карантин, ҳоло ба реҷаи кори маъмулии худ баргаштааст

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Дилором Дадобоева, ҷонишини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар таваллудхонаи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ташхиси чиҳил зани ҳомила, ки дар зоишгоҳ бистарӣ буданд, ҳеҷ кадом аломати бемории COVID-19 дарёфт карда нашудааст ва онҳо ба реҷаи пештараи фаъолияти худ баргаштаанд.

“Ба ғайр супоридани ташхис аз бемории COVID-19, инчунин давоми даҳ рӯз мо дар ҳамаи ҳуҷраҳои таваллудхона корҳои безараргардонӣ гузаронидем. Хушбахтона натиҷаи ҳамаи ташхисҳо аз бемории COVID-19 хушбахтона манфӣ баромад ва дар ҳеҷ кадом занони бистаришуда, нишонаҳои ин беморӣ ошкор нашуд”, гуфт Дадобоева.

Ба карантин гирифтани таваллудхонаи Суғд охирҳои моҳи август шурӯъ шуд ва масъулин таъкид мекарданд, ки ин кор бо мақсади пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 анҷом шуда, то хатми ду ҳафта тақвими қарантинӣ занони ҳомила дар ин зоишгоҳ қабул карда намешаванд.

Ифтитоҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши масъулини Панҷакент ба Раҳмон оид ба COVID-19: овозаҳо дурӯғанд, се бемор дорем

Он замон сабаби карантин шудани таваллудхона аз ворид шудани ду зане гуфта мешуд, ки дар онҳо нишонаҳои бемории “вируси карона” ошкор гардидааст.

Масъулини таваллудхона ба хотири пешгирӣ аз манбаъи паҳни беморӣ ва ҳифзи саломтии сокинон, ин ду занро барои табобат ба Бемористони клиникавии Суғд интиқол дода, аз кормандон ва ҳудуди чиҳил зани дар зоишгоҳ бистарибуда ташхиси COVID-19 гирифтаанд.

“Он ду зане, ки яке баъди таваллуд ва дигаре муолиҷаи давраи ҳомиладориро дар таваллудхона мегузарониданд, баъди интиқол ёфтан ба Бемористони клиникавии Суғд пурра аз беморӣ шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд”, афзуд Дадобоева.

Роҳбари телевизиони Хуҷанд: аз хуруҷи дубораи COVID-19, фавти табибон то беморхонаҳои пур

Аксар занон дар шаҳру навоҳии Суғд онҳое, ки вақти ҳомиладорӣ бо зиёд мушкилиҳо гирифтор мешаванд муолиҷа ва ҳам таваллуд ба зоишгоҳи Суғд интиқол дода мешаванд.

Додситони Хуҷанд тӯйҳоро манбаи аслии сирояти бемориҳо гуфт: якчанд ҳолат сабт шудааст

Масъулини зоишгоҳи Суғд мегуянд, бо гузашти даҳ рӯз аз хатми қарантин, аз рӯзи 10 уми сентябр ба реҷаи маъмули баргаштаанд ва занҳои таваллудкунанда бе мушкил қабул карда мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0