04:34 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
328 0 0

Сабқати ҷаҳонии ваксинасозӣ ба марҳилаи ниҳоӣ бошитоб равон аст, ки ҳаводиси гуногуни сиёсӣ, фоҷиа ва моҷароҳо дар бар дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир яке аз пешгомони ин мусобиқа, ваксинаи суэдӣ-бритониёӣ — AstraZeneca, бо сабаби илтиҳоби ҳароммағзи яке аз иштироккунандаҳои озмоиш аз сабқат канор монд.

Мақомоти Бритониёи Кабир ва ИМА, ки қаблан расонаҳояшон ваксинаи русиро интиқод мекарданд, ки “он шитобкорона, пеш аз анҷоми марҳилаи сеюми озмоиш ба қайд гирифта шуду ин пешгомии сохта аст", — акнун худашон ваксинаи худро бо ин роҳ сабт карданӣ ҳастанд.

Бо вуҷуди пайравӣ аз Русия, расонаҳои ғарбӣ интиқодоти ваксинаи русиро хотима надоданд, баръакс шиддат бахшиданд.

Масалан, матни CNN-ро мехонем, ки дар он гуфта мешавад, "кормандони соҳаи маориф мухолифи ваксинаи Путинанд". Як иттифоқи касабаи кӯчаки муаллимон бо нигаронӣ аз саломатияшон муроҷиатномаи онлайниеро нашр кардаанд, ки дар он омӯзгоронро ба худдорӣ аз эмкунӣ даъват намудаанд.

Дараҷаи босалоҳиятӣ аз гуфтаҳои сардори иттифоқи касаба, зани пешқадам, муаллимаи забони англисӣ маълум аст: "Аввалан ҳама медонанд, ки сифати ваксинаҳои русӣ аз хориҷӣ паст аст", — изҳор медорад филолог. Ва сониян ин ваксина хеле тез таҳия карда шуд. Ростӣ то ҳол ягон муаллим дар бораи эмкунии маҷбурӣ шикоят накардааст, аммо аз ҳукумати Русия ҳама чизро интизор шудан мумкин аст.

Ё масалан матни Bloomberg-ро мехонем дар борае, ки олимони ким-кадом донишгоҳи Амрико "натиҷаҳои озмоишҳои ваксинаи Русияро зери шубҳа мегиранд, чунки дар баёнияе, ки маҷаллаи Lancet чоп карда буд, миқдори “антитела”-и иштироккунандагон монанду шубҳанок ҳастанд". Дар бораи сохтакорӣ рӯирост гуфта нашудааст, аммо чашмакзании фаъоле аён аст, ки  хотиррасон месозад, ки “инҳо ҳамон русҳоеянд, ки Олимпиадаро сохтакорӣ карданд".

Ин такрори ҳамаи қарорҳои русие, ки Ғарб метавонад, анҷом диҳад ва ҳамчунон интиқоди он иқдоме, ки тавони такрорашро надорад, як маймунбозӣ ба назар мерасад. Худи он, ки таҳиякунандагон кӯшиш мекунанд пешакӣ аз ҷавобгарии эҳтимолӣ халос шаванд, аллакай рассомҳои карикатураҳоро илҳом мебахшад.

Аммо барои мо ин одист. Фикр накунед, ки ҳақиқати муборизаи муваффақи Русия ба коронавирус дар қиёси давлатҳои ғарбӣ фақат муҳофизони анъанаи эҳтироми ватаниро ба ҳиҷолат мононд тибқи "низоми тандурустии мо танҳо мекушад, бояд ҳатто дар Аврупо/Исроил/ИМА табобат карда шавем".

Ғарб ҳам ҳолати садамот дошт ва то он дараҷае, ки CNN ва Bloomberg-и шартӣ дар давоми моҳҳо гуфтаҳоро, мисли "мутахассисон шубҳа доранд", "пизишкон боварӣ надоранд", "дар Русия фикр мекунанд, ки ҳукумати Путин оморро сохтакорӣ мекунад". Воқеан дар бораи ваксинаи "хитоӣ" дар расонаҳои ахбори ғарбӣ ҳам мавҷи якхелаи "боварӣ надоранд – фикр мекунанд – пинҳон мекунанд" давом дорад.

... Дар ҳамаи ин гуфтугузорҳо як ҷанбае ҳаст, ки дар кишвари мо пурра дарк нашуда истодааст.

Гап дар он аст, ки масъалаи кашфиёти ваксина дар ИМА тамоман сиёсӣ шудааст, ҳамчун ҳама чизе, ки бо коронавирус вобаста аст. Он ваксинаи "муваққатан боздоштаи" AstraZeneca — яке аз умеди "ваксинавии" Доналд Трамп аст, ки барои ӯ додани ваксинаи коронавирус (ки 200 000 амрикоиҳоро кушт ва ҳаётҳои миллионҳоро шикаст) ба интихобкунандагони ҳамчун муваффақияти пешазинтихоботӣ ҳисоб мешавад.

Ва дар ин ҳолат расонаҳои ахбор аллакай маъракаи худро алайҳи Трамп сар карданд, гӯё ки ӯ таҳқиқотро саросема карда истодааст ва саломатии амрикоиҳоро таҳти хатар мемонад. Ин маърака бо асоси нақшаи зарбазании ваксинаи Русия сохта шудааст: барои рейтинги худро боло бардоштан, президент ба гардиш баровардани доруи носанҷида ва бо таъсири номаълум тайёр аст.

Зимнан маъракаи зидди Трамп (рости гап, ҳама маъракаҳои боло ба боло шудагӣ — зидди Трамп, зиддирусӣ ва зиддихитоӣ) аллакай як таъсири ҳақиқатан бемаънӣ дорад: тибқи маълумоти идораҳои тадқиқоти сотсиологӣ, ду аз се амрикоиҳо мегӯянд, ки даррав баъд аз пайдо шудани ваксинаи тасдиқшуда эм карда намешаванд.

Дар ҳақиқат барои ғалаба аз болои Трамп, рақибонаш чуноне мебинем тайёр ҳастанд, ки ҳамватанони худро ба душманони эмкунӣ табдил диҳанд, яъне ба онҳо нобоварӣ ба ваксинаҳо дар умум талқин карда мешавад. (ки баъд дуру дароз мисли ҳурофоти аз ақл берун нест карда мешаванд).

Акнун як хулосаи ғалатӣ

Сабабҳои қабул накардани муваффақиятҳои Русияро, ки давлатҳои ғарбӣ беихтиёрона доранд, маълум ҳастанд. Ҳисоб кардани худро ҳамчун пешоҳангу муассиси ҳар кадом соҳа дар давоми чандин аср ва дигар давлатҳоро чун одамҳои ваҳшии муташаккир ё ношукр таъсири худро дорад. Аз ин таъсир якбора гаштан намешавад.

Аслан барои ин ҳар "спутник"-и русӣ, ҳам аввалин радифи маснӯии Замин, ҳам "Спутник V" онҳоро дар ҳиҷолат мемонад.

Дар омади гап, баъд аз радифҳо вақти кайҳонавардҳо меояд. Касе Гагаринро ба кайҳон сар медиҳад, вақте дигарон то ҳол маймунҳоро мефиристонанд.  

Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, беморӣ, Русия, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ