22:27 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
491 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудаанд, ки ин нисбат ба нишондоди рӯзи пешӣ зиёдтар мебошад

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи охир ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9171  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, манбаъ қайд намудааст, ки то санаи  16 сентябр дар Тоҷикистон  7941  (86,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 107 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - илдова кардааст вазорати тандурустӣ.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

Барчаспҳо:
гирифторон, Вазорати тандурустӣ, омор, беморӣ, ҳодиса, вируси корона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ