01:08 01 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Ситоди вилояти Суғд таъкид доштааст, ки сокинон бояд дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва Вазорати тандурустии Тоҷикистонро ҳатман риоя намуда, қоидаҳои беҳдоштиро пурра иҷро намоянд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ин нукта зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилояти Суғд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 зикр гардид, иттилоъ хадамоти матбуоти Раиси вилоятт Суғд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону масъулони раёсати тандурустии вилоят, сардухтурони марказҳои саломатии маркази вилоят доир гардид.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятӣ тамоми имкониятҳо истифода шуда, корҳои безараргардонӣ мунтазам тақвият дода мешаванд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки мақомот назди масъулин барои ҷоннок намудани омодагиҳо ба давраи зимистон, захираи маводи доруворӣ, ба роҳ мондани гардиши “хона ба хона”-и табибону зери назорат қарор додани беморон ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии сирояти беморӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Барчаспҳо:
маводи доруворӣ, беҳдошт, паҳншавӣ, вируси корона, ситод, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ