17:35 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (805)
142 0 0

Дар Федератсияи Русия мавориди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шабонарӯзи гузашта беш аз 6 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуд

Танҳо дар як рӯзи ахир дар Русия 6 065 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 144 мариз ҷон аз даст доданд. Инчунин як рӯзи ахир аз дармонгоҳҳои Русия 5 255 бемор мураххас гардиданд.

Манбаъ меафзояд, аз 19 - уми июл то ба ин сӯ, ин нахустин ҳолатест, ки шумораи зиёди одамон ба вируси COVID - 19 гирифтор шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар пойитахт - шаҳри Маскав мубталошавии сокинони ба коронавирус сабт гардидааст.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Шабонарӯзи ахир дар Маскав дасти кам 825 ҳолати ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин минвол, дар Русия шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 097 251 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, 19 339 бемор ба ҳалокат расида, 906 462 нафари дигар шифо ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ҷаҳон беш аз 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало гардида, 943 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (805)
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ